Мутаассифона тибқи оморӣ расмӣ Тоҷикистон аз ҷумлаи кишварҳои фақири дунё ба шумор меравад. Ва чунон ки сомонаи Hochusvalit мегӯяд, Тоҷикистон пас аз Яман, Афғонистон ва Тимори Шарқӣ, дар ҷойгоҳи ҷаҳоруми фақиртарин кишварҳо дар қорраи Осиё қарор дорад.
Ва ин дар ҳолест, ки раисиҷумҳури Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон, ки барои худ унвони “Пешвои миллат”-ро баргузида, яке аз сарватмандтарин афроди дунё маҳсуб мешавад. Сойти Topkin менависад:
“Бисёриҳо дар Тоҷикистон бар ин боваранд, ки сарватмандтарин фарди кишвар Эмомалӣ Раҳмон мебошад. Ӯ наздик ба 30 сол аст, ки раҳбари кишвар ба шумор меравад. Вай дорои қудрати мутлақ дар Тоҷикистон аст. Қариб тамоми фаъолиятҳои иқтисодии кишвар дар ихтиёри наздикони ӯ қарор доранд. Ба илова, бастагонаш низ аз сарватмандтарин афроди кишвар маҳсуб мешаванд.”
Ким-кадом сайти «хочусвалит»и уруси нимҳушёра ҳамчун манбаъи муътамад меоред. Э руҳотон сиёҳ!
НравитсяНравится