Рубрика: Карикатуры, Персоны, Фразы на таджикском

“Кашидан портрети нокасонро инчунин бояд…”

“Эъломияи Ҷунбиши мардумии “Ватандор” дар чанд вожа

Шояд касе бошад, ки лӯбиву кадуро дӯст дорад, мо нӯши ҷон мегӯем. Аммо на ину на онро, ки аз як полизанд, мо зеби дастархон намешуморем ва бар онем, ки дастархони тоҷикӣ метавонад бо сабзавоту меваҷоту қандалоти рангоранг ороиш биёбад.

“На ҳукумат, на наҳзат

Ҷонам фидои миллат!”

* * *

“Мухолифини мӯҳтарам ва “мӯҳташам”!

Танқидпазирӣ ва таҳаммулгароиро биёмӯзед. Гаҳвораи касе аз осмон ба замин фуруд наомадааст, ки бурун аз танқид бошад. Зиракии сиёсиро аз даст надиҳед, ки оқибаташ хуб нест!”

(Аз саҳифаи Додоҷон Атовуллоев дар Фейсбук)

Рубрика: Карикатуры, Фразы на таджикском

Поёни бисёр талхи зиндагонии раиси амнияти ИҶШС (СССР)

Нигоҳе ба зиндагонии Лаврентий Берия, сардори созмони амнияти Шӯравӣ (НКВД)

Лаврентий Берия, сардори созмони амният (НКВД)-и СССР, яке аз касифтарин сиёсатмадорони маъруфи асри 20 ба шумор меравад, ки фаъолияти ӯ то ҳол дар ҷомеаи муосир мавриди баҳсу баррасӣ қарор дорад. Вай дар таърихи СССР як шахсияти бениҳоят баҳсбарангез буд ва роҳи тӯлонии сиёсиро тай кардааст, ки пур аз саркӯбҳои азими одамон ва ҷиноятҳои беканор буд, ки ӯро барҷастатарин “функционалии марг” дар замони Шӯравӣ гардонд. Ӯ сардори созмони амнияти Шӯравӣ (НКВД) дар даврони Иосиф Сталин буд, ки тақдири тамоми халқҳо ба қарорҳои ӯ вобаста буд. Берия фаъолияти худро таҳти сарпарастии Иосиф Сталин, раиси вақти ИҶШС (СССР) анҷом медод. Вай ният дошт пас аз марги Сталин ба ҷойи ӯ шинад. Аммо дар мубориза барои ҳокимият, аз Никита Сергеевич Хрущев шикаст хӯрд ва бо қарори суд ҳамчун хоини Ватан парронда шуд.

Берия Лаврентий Павлович 29 марти соли 1899 дар деҳаи Мерхеули Абхозистон дар оилаи деҳқон таваллуд шудааст. Ӯ сеюмин ва ягона фарзанди солим дар оила буд. Бародари калониаш дар синни дусолагӣ бар асари беморӣ даргузашт ва хоҳараш ба бемории вазнин гирифтор шуда, кару гунг шуд. Волидайни Лаврентии ҷавон маҷбур буданд, ки нисфи хонаро фурӯшанд, то пули таҳсили писарбаччаро дар мактаби ибтидоии олии Сухумӣ пардохт кунанд.

Берия дар соли 1915 техникумро тамом карда, ба мактаби миёнаи бинокории Боку дохил шуд. Донишҷӯ шуда, хоҳар ва модари кару гунгашро ба Боку кӯчонид ва барои таъмини онҳо дар баробари таҳсил, дар ширкати нафти Нобел кор мекард. Дар соли 1919 Лаврентий Павлович дипломи техник-бинокор-меъморро гирифт.

Берия дар давраи тахсил отряди большевикӣ ташкил кард ва дар замони революцияи соли 1917 дар Россия, вай ба унвони котиб дар заводи “Шарти сафеди Каспий”-и Боку кор мекард. Вай инчунин ҳизби коммунистии техникҳоро роҳбарӣ мекард, ки бо аъзоёнаш ба муқобили ҳукумати Гурҷистон шӯриши мусаллаҳона ташкил кард ва муддате зиндонӣ шуд.

Дар миёнаи соли 1920 Берия аз Гурҷистон ба Озарбойҷон бадарға карда шуд. Пас аз муддати кӯтоҳ ба Боку баргашта, дар он ҷо ба кори чекистӣ таъин шуд. Ӯ агенти махфии полицияи Боку буд. Ҳанӯз ҳамон вақт ҳамкасбони вай дар ӯ бераҳмӣ нисбат ба одамоне, ки дар бораи вай дигар хел фикр мекарданд, мушоҳида намуданд. Лаврентий Павлович карераи худро аз ҷонишини раиси ЧКК Озарбойҷон сар карда, бо суръат пеш рафт. Муддате комиссари халқии корҳои дохилии РСС Гурҷистон гардид.

Дар охири солҳои 20-ум парвандаи вай ба унвони як чекисти моҳир ба марказ интиқол ёфт. Маҳз ҳамон вақт ба ӯ муяссар шуд, ки ба сарвари СССР, Иосиф Сталин наздик шавад. Сталин ҳамсафари худ дар инқилобро дида, ба ӯ таваҷҷӯҳи вежа зоҳир намуд. Вай дар соли 1931 котиби якуми КМ Партияи Гурҷистон шуда, аллакай дар соли 1935 аъзои Комитети Иҷроияи Марказӣ ва Президиуми СССР интихоб шуд. Дар соли 1937 вай боз ба як зинаи баланде расид ва раиси комитети шаҳрии Тбилисӣ шуд. Берия раҳбари болшевикон дар Гурҷистон ва Озарбойҷон шуда, эътирофи мардум ва ҳамкоронро ба даст овард, ки дар охири ҳар як анҷуман ӯро ситоиш карда, ӯро “пешвои маҳбуби сталинӣ” меномиданд.

Шӯҳрати ҳақиқӣ ба Лаврентий Берия дар соли 1938 вақте расид, ки Сталин ӯро раиси НКВД таъйин кард ва ӯ дар воқеъ шахси рақами дуюми СССР пас аз Сталин ба шумор мерафт. Муаррихон бар ин назаранд, ки вай дар солҳои 1936-38 ва “пок кардани” кишвар аз “душманони халқ” (репрессия) сазовори чунин вазифаи баланд гардидааст. Берия дар он солҳо қариб 700 ҳазор нафарро эъдом кард. Вай репрессияҳои густурдаи чекистони собиқро ба амал овард ва дар аппарати рохбарикунандаи мамлакат поксозии куллӣ ба амал овард ва дар ҳамаи масъалаҳо “дасти рост”-и Сталин гардид.

Пас аз Ҷанги бузурги ватанӣ, Берия ба репрессияҳои оммавӣ идома дод. Одамони шубаҳнок ба дастури вай дар лагерҳо ва колонияҳо (ГУЛАГ) зиндон карда мешуданд.

Соли 1946 Берия муовини раиси Совети Вазирони СССР таъйин гардид. Каме дертар сарвари СССР ӯро рақиби асосӣ дид, аз ин рӯ Иосиф Виссарионович дар Гурҷистон ба “тозакунӣ” шурӯъ намуда, ҳуҷҷатҳои Лаврентий Павловичро тафтиш кард, ки муносибатҳои байни онҳоро печидатар кард. Аз ин лиҳоз, то замони марги Сталин, Берия ва чанд ҳампаймонаш як иттиҳоди ногуфтаеро ба вуҷуд оварда буданд, ки ҳадафи он тағйири баъзе аз пояҳои ҳукмронии Сталин мебошад.

Пас аз марги Сталин, моҳи июли соли 1953 Лаврентий Берия дар маҷлиси президиум дастгир карда шуд. Мурофиаи судии Лаврентий Берия аз 18 то 23 декабри соли 1953 барпо гардид. Ӯро “трибунали махсус” бидуни ҳуқуқи дифоъ ва шикоят маҳкум кард. Айбҳои мушаххас дар парвандаи вай як қатор кушторҳои ғайриқонунӣ, ҷосусӣ ба нафъи Британияи Кабир, репрессияҳои соли 1937, наздикшавӣ бо Адолф Гитлер ва хиёнат ба ватан буданд.

23 декабри соли 1953 Берия бо қарори Суди Олии СССР дар бункери штаби округи ҳарбии Москва тир холӣ карда шуд. Пас аз қатл ҷасади Лаврентий Павловичро дар крематорияи Донской сӯзонданд ва хокистари вайро дар қабристони Донскойи Нав ба хок супурданд.

Берия Лаврентий Павлович

Ба гуфтаи таърихшиносон, марги Берия ба тамоми мардуми Шӯравӣ имкон дод, ки нафаси сабук кашанд. Ӯро диктатори хунхор ва золим медонистанд. Ва дар ҷомеаи муосир ӯро ба саркӯби дастаҷамъии беш аз 200 ҳазор нафар, аз ҷумла теъдоде аз донишмандони рус ва рӯшанфикрони он замон муттаҳам мекунанд. Лаврентий Павлович инчунин ба як қатор фармонҳо дар бораи ба қатл расондани ҷанговарони советӣ муттаҳам буд.

(Манбаъ: 24smi)

Рубрика: Карикатуры, Фразы на таджикском

Факлес

Исфандиёри Назар

Бояд ҳамаи факултаву бахшҳои донишгоҳу донишкадаҳо – ва умуман ҳама бахшҳои марокизи дониширо дар Тоҷикистон баст!

Чиро?

Зеро аксари хатмкунандагонашон ҷои кор намеёбанду ночоранд Русия раванд.

Қаблан ҳам боақлтарини боақлҳо дар хутбае аз хутбаҳояшон фармуда буданд, ки: “Мо коргоҳҳои қолибофиро дигар аз паяш намегардем. Эрон қолин дорад бас…”

Ҳамин тавр, чун ҳамаи истеҳсолотро Чин дораду моро таъмин мекунад, пас дигар ҳеч донишгоҳу донишкадае ҳам лозим нест.

Танҳо як Донишгоҳи бузург лозим дорем, ки метавонад як факулта дошта бошад ва албатта зери номи ин Донишгоҳу факултаи ягонаи он бояд ҷумлаи “дар назди пирезиденти Тоҷикистон”-бошад!

Ин Донишгоҳ “Лес” ва факултаи ягонаи он “ФАКЛЕС” ном дошта метавонад!

Албатта дар забони умумии форсӣ калимаи “Факлес” наву номафҳмост, аммо дар “забони тоҷикӣ” ҳама онро мефаҳманд.

Бахши русии ин Донишгоҳу факултаи ягонаи он низ ҳатмист ва онро “ЛЕСФАК” метавон ном гузошт.

Ин Донишгоҳу факултаи ягонаи он дар шароити кунунӣ ва дар миёни донишгоҳҳои ҷаҳон бемонанд хоҳад буд ва Кишвари моро зуд “ба пеш” мебарад!

Чунин Донишгоҳу факултаи онро ҳеч кишваре надорад!

Хубии ин Донишгоҳ он аст, ки барои донишҷӯи он шудан шарт нест аз деҳот, аз шаҳристонҳо, шаҳрҳо, устонҳо, ҳаволии Пойтахт, пулу вақт сарф карда ба Пойтахт оянд.

Метавон дар худи деҳа, шаҳристон, устон, Пойтахт ва ҳатто дар Русия истода ба он қабул шуд ва бо Дипломи сурх ё сабз ё ҳар ранги дигар онро тамом кард.

Дорандаи Дипломи ин Донишгоҳ барои гирифтани мансаб, унвони илмӣ, ёфтани шароити хуб ҳеч мушкиле нахоҳад дошт!

Ба ин васила хоҳишмандон соҳиби Дипломи факултаи Факлеси Донишгоҳи Давлатии Миллии Лес-и назди президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мешаванд!

Шумо дар нигораи зер метавонед ҳолати супоридани имтиҳонро ба ин Донишгоҳу факулта ба хубӣ тасаввур намоед!

ИЛОВА:

Унвонҳои илмӣ ва баробарҳои порсии он дар ин донишгоҳу факултаи он:

Навлескор / Навниятлескор – баробари русии “абитурент”;

Лесишҷӯ – баробари вожаи аз коруфтодаи “донишҷӯ” ва калимаи русии он “студент”;

Лесисто – баробари вожаи русии “асистент”;

Лесёр – баробари унвони “дотсент”;

Лесишпижӯҳ – баробари таъбири аз коррафтаи “донишпижӯҳ”;

Лесишсаркор – баробари унвони бадшудаи “доктори илм”;

Пурралесишорсаркор – баробари унвони бадшудаи “пруфесур”;

Лесик – баробари унвони бадшудаи “академик”;

Корҳои илмӣ дар ин замина бояд зери унвонҳое ҳамонанди намунаҳои зер сурат бигиранд:

“Пешинаи торихи пасолесӣ”;

“Пасолесӣ дар даврони Шӯравӣ”;

“Пасолесии пасошӯравӣ”;

“Хокзанӣ ва пасолесӣ дар назм”;

“Саромадони назми хокзанӣ, регрезапошӣ ва пасолесӣ”;

“Бузургтарин нозимон ва нависандагони пасолеси рӯзгори мо”;

“Бунёнгузори илми Лесулужӣ”;

“Пешлесони муосир”;

“Нақши роҳбарони бузург дар заминаи пешо-пасолесолужӣ”;

Сафҳаи корбарии Исфандиёри Назар дар Фейсбук

Рубрика: Карикатуры, Фразы на таджикском

Суоли БгиДега аз баъзе рӯзноманигорон

Барои ман – БгиДега, ин чанд масъала муаммо шудааст ва мехоҳам, Шумо, рӯзноманигори азиз, бароям посух диҳед:

1) Вақте ду рӯзноманигори азиз боздошт шуд, шумо даст ба кор шудед ва хитоб ба Рустами Эмомалӣ барои озодии фаврии онҳо нома навиштед ва наздик ба 300 имзо ҷамъ кардед – ки албатта, дастатон дард накунад! – вале чаро вақте Улфатхоним Мамадшоева, ки ӯ низ рӯзноманигор аст, Хушрӯз Ҷумъаназаров (Ҳушом Ғуломов), ки блогер аст, Мамадсултон Мавлоназаров (Муҳаммади Султон)-и 72-сола, афсари пешини амният, ки ӯ ҳам рӯзноманигор аст ва ҳамчунин чанд рӯзноманигори дигар вақте боздошт шуданд, на ҳеч талоше аз сӯи шумо дида шуд ва на барои дархости озодии онҳо имзо ҷамъ кардед ва на ба касе дар ин ҷиҳат муроҷеа намудед? Оё Шумо миёни рӯзноманигорони боздоштшуда фарқ мегузоред?

2) Асосан, чаро дар қазияи Будахшон ҳеч талоше аз сӯи шумо дида нашуд? Балки баръакс, саъй мекунед, ин масъала фаромӯш шавад. Чаро барои Бадахшон ва даст кашидани режим аз кушту куштор дар он – ки даҳҳо нафар тоҷикистонӣ дар он ба шаҳодат расида ва садҳо нафари дигар захмӣ гардиданд – ҳеч коре аз тарафи шумо мушоҳида нашуд?

3) Чаро номаи ахир, хитоб ба Рустами Эмомалӣ, ки барои озодии ин ду рӯзноманигор дахолат кунад, навишта шудааст, на масалан ба худи Эмомалӣ Раҳмон ва ё Озода ва ё яке дигар аз хонаводаи бонуфузаш? Оё қарор аст, Рустам барои озодии он ду дахолат кунад ва дар натиҷа бузургнамоӣ шавад?

Ё имрӯз чун Рустами Эмомалӣ ба ҷойи Убайдуллоев нишастааст, бояд барои ҳар касе, ки мири шаҳр аст, хидмат шавад?

4) Асосан, чаро аз ин хонадон, чӣ аз Рустам бошад ва ё аз ғайра, тақозои кӯмак шавад? Дар ҳоле, ки айнан ҳамин афрод сабаби ин ҳама бадбахтӣ ва кушту куштори тоҷикистониҳо шуда истодаанд?

5) Чаро дар авҷи бадбахтӣ ва кушту куштор ва мусибат дар Бадахшон — ки ҳамаи ин бадбахтиҳо ба дасти Рустам ва падараш шуда истодаанд – якдафъа масъалаи боздошти ду рӯзноманигор барҷаста ва талош сурат гирад, ки қазияи Бадахшон ба фаромӯшӣ супурда шавад? Чаро?

Ин панҷ суол барои шумост, ки агар салоҳ дидед, посух нависед.

Бо эҳтиром, БгиДега!