Рубрика: Карикатуры, Фразы на таджикском

Вазири дохила хобҳои ҳиндӣ мебинад

Ба гузориши сомонаи Паём, Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Рамазон Раҳимзода дар нишасти матбуотии солонааш, ки имрӯз 2 феврал баргузор шуд, иддао кард, дар соли 2021 беш аз сад нафар аъзои Паймони миллии Тоҷикистон, Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон ва Гурӯҳи 24 ба Тоҷикистон баргашта таслими мақомот шудаанд.

Ба гуфтаи вазир онҳо “аз кардаи худ пушаймон шуда, аз фаъолияти худ даст кашида, ба Тоҷикистон баргаштанд ва афв шуданд”. 

Аммо масъулин ПМТ ва ҲНИТ на танҳо ин гуфтаи вазири дохиларо рад карданд, балки ҷиддӣ ҳам нагирифтанд. 

Темур Варкӣ, раҳбари департаменти матбуотии ПМТ дар посух ба суоли Паём дар бораи идааои Раҳмизода гуфт, вазири дохила “ба ҳайси як шоир фонтазии ғаниву баландпарвозе дорад”. 

Ӯ инро дар орзуҳо ва хобҳои ҳиндиаш дидааст. Дар “бозгашти ихтиёрӣ ба ватан”-и Шарофиддин Гадоев вазири дохилаи Тоҷикистон дар кишвару берун аз он чун мухлиси филмҳои Болливуд ва филмҳои фантастикии тасвирӣ машҳур шуд. Ҳоло бо “шарофати” нобиға Рамазон Раҳимзода, вазири дохила ва зердастонаш, парвандаи Шарофиддин Гадоев то болотарин мақомоти байналмиллалӣ, СММ ва додгоҳи байналмилал расид. Давлат ва буҷа, ҳарчанд дар дуздидани Гадоев гунаҳкор нестанд, маҷбуранд барои ҷинояти сатҳи байлналмилал — дуздидани инсон ҷарима пардохт кунанд” — гуфт раҳбари департаменти матбуотии ПМТ.

Ӯ таъкид кард “Айнан дар ҳамин шакл — халта дар сар ва даст дар завлона Иззат Амон, Амриддин Аловатшоев, Чоршанбе Чоршанбиев ва баъзе аъзои Гурӯҳи 24 ба Тоҷикистон “ихтиёрӣ баргаштанд”. Аммо ҳеҷ кадом аз ин дуздидашудаҳо узви ПМТ набуданд ва ҳеҷ узви дигар ҳам ба кишвар барнагаштааст. на ихтиёрӣ ва на бо кӯмаки дуздҳои ВКД”. 

Рубрика: Карикатуры, Фразы на таджикском

Сазои кӯмак ба маъюбон

Маъмурони Раёсати корҳои дохилии вилояти Хатлон Нусратулло Саидов – бародарзодаи Саид Абдуллоҳи Нурӣ, асосгузор ва раҳбари пешини ҲНИТ ва Иттиҳоди Нерӯҳои Мухолифинро боздошт кардаанд.

Ба гузориши Радиои Озодӣ ба нақл аз Нурмаҳмад Саидов, бародари вай, боздошти Нусратулло пас аз расондани ёрӣ ба хонаводаи маъюбон дар ноҳияи Вахш сурат гирифтааст. Нусратулло Саидов раиси хоҷагии деҳқонии “Истиқлол” аст.

Нурмаҳмад Саидов гуфт: “Чаҳор корманди хоҷагиро низ бозпурсӣ кардаанд, ки маблағи кӯмак ба маъюбонро аз куҷо ёфтанд. Оё ин пулҳо аз хориҷи Тоҷикистон ба даст оварда шудааст ё не?

Рубрика: Карикатуры, Фразы на таджикском

Пешвопардохт

Ё, кӣ метавонад инкор кунад, ки коррупсия дар Тоҷикистон реша дар худи Эмомалӣ Раҳмон дорад?!

Transparency International ё Шаффофияти Байнулмилал, дар 25-уми январ навишт: “Аксарият дар Тоҷикистон бовар доранд, ки порагирӣ, азхудкунии пули давлат, сустии ҳукумат барои решаканкунии фасод, хешутаборбозӣ ва мавридҳои дигар аз масоили паҳншуда мебошад.”

Ба гузориши Радиои Озодӣ, бар асоси ин гузориш, Тоҷикистон аз байни 180 кишвару қаламрав дар миёни 30 кишвари дорои бадтарин сатҳи фасод ҷой дорад.

Алтинай Мирзабекова, мушовири масоили Осиёи Марказӣ дар дафтари Transparency International дар Берлин гуфт, дар Тоҷикистон “коррупсия хоссияти амиқи системавӣ касб кардааст.”

Ӯ ба унвони мисол аз “набудани мустақилӣ дар низоми кори додгоҳҳову сохторҳои ҳифзи қонун”, “набудани шаффофият дар кори сохторҳои давлатӣ ва гузориш надодани онҳо дар пеши ҷомеа” ва “вуҷуди бархӯрди манфиатҳо, бахусус дар сатҳи болотарину миёнаи ҳукумат” ёдовар шуд.

Ба иловаи ин ҳама мушкилот, давраи пандемия нишон дод, ки аксар ҳукуматҳои худкома дар минтақа пандемияро баҳона карда, озодии баён ва кори фаъолон, аз ҷумла, фаъолони зидди фасодро бештар маҳдуд карданд,” – шарҳ дод Мирзабекова.

Рубрика: Карикатуры, Фразы, Фразы на таджикском

Занги телефон аз “он дунё”

Ахиран, Эмомалӣ Раҳмон, дар паёми солонаи худ, ки дар Маҷлиси намояндагон суханронӣ мекард, бо баёни ин ки мардум гумон мекунанд, ки ҷуворимакка хӯроки чорпоён аст, гуфт: “Ними дунё аз ҳисоби маккадон зиндагӣ мекунанд.” Зоҳиран, ӯ мехоҳад, мардуми кишвар ба ҷои гандум, рӯй ба ин навъ растанӣ оваранд.

Гуфтанист, Никита Хрущев, раҳбари Шӯравии собиқ дар миёнаҳои қарни 20-ум, ки пас аз Иосиф Сталин зимоми умури ин кишвари паҳноварро ба даст гирифта буд, ба “Никита марди ҷуворимакка» маъруф шуд. Зеро вай дар тамоми майдонҳо ба ҷои гандум ҷуворимакка кошт.

Дар он даврон, ҷуворимакка номи “маликаи майдонҳо”-ро гирифт. Мардум ҷуворимаккаро солим ҳисобида, аз он истифода мекарданд ҳатто тавсия шуд, ки хӯроки кӯдакон низ аз он таҳия шавад. Дар рӯи ҷилди маҷаллаи LIFE акси Хрущев нашр шуд, ки дар гӯшаи ҷуворимакка табассум мекард.

Ӯ соли 1964 барканор шуд. Яке аз сабабҳои барканории ӯ, ҳамин масъала буд. Бештари мардум аз истеъмоли ҷуворимакка дучори бемории шикам шуда буданд. Ва чунон ки расонаҳо навиштаанд, колхозчиёни ҳамаи минтақаҳои иқлимӣ, ки аз кишти ҷуворимакка хаста шуда буданд, аз ин кор безор буданд.

Ҳамчунин дар гузоришҳо омада, ки “Майдони кишти чуворимакка бар зарари ҷав ва гандум ду баробар васеъ шуд. Аммо натиҷа ғамгин буд… Ин маърака дар соли 1962 ба нокомӣ дучор шуд ва боиси баланд шудани нархи равған ва гӯшт гардид, ки боиси норозигии мардум гардид.”

Ҳамчунин дар санаи 18.01.1961 гузориш шудааст, ки ҳукумат “лоиҳаи Хрушев дар бобати аз нав ташкил кардани хоҷагии қишлоқро ба тасвиб расонд. Асоси лоиҳаи ӯро кишти оммавии ҷуворимакка ташкил медод ва дар натиҷа кишвар ҳам аз гандум ва ҳам аз ҷуворимакка маҳрум шуд.” 

Рубрика: Фразы на таджикском

Ин ҷо ватани маҳбуби мо Тоҷикистон аст!

Парчам баландтарин — маош пасттарин!
Масҷид калонтарин — бекорӣ бештарин!
Ғизо камтарин — рақсу шодмонӣ бештарин,
Тирожи китоб пасттарин — суруду ҳаёҳу баландтарин!
Суръати интернет — камтарин нархи интернет бештарин!

Абдуқодири Рустам