Рубрика: Карикатуры

Моҳи асали Раҳмон бо Толибон

Раҳмон: “Нахо мову шумо қаҳрӣ бошем?! Мову шумо ҳар ду яхелем, мо бо зӯрӣ вориди Душанбе барои “суботу “ваҳдати миллӣ” шидем. Шуморам дохили Кобул барои ҳами шиден. Агар зидди шумо гап задестем, ин сиёсатай, барои мардуми бесавод ва мухолифонмон. Ғамша нахрен, қмандон соиб!

Ба гузориши Радиои Озодӣ ба нақл аз сайти Брешно, миёни ширкати “Брешно” ва “Барқи тоҷик” қарордоди барқи воридотӣ барои соли 2022 имзо шуд. Ин қарордодро Мирзо Исмоилзода, раиси ширкати “Барқи тоҷик” ва Ҳофиз Муҳаммад Амин, раиси умумии иҷроияи ширкати “Брешно” имзо карданд.

Ин қарордод дар ҷараёни музокироти дурӯза дар Тоҷикистон аз сӯи ду тараф имзо шуд. Зимнан, қарордоде ҳам, ки аз моҳи июли соли равон то декабр бино бар таҳаввулоти сиёсӣ ба таъхир афтода буд низ имзо шуда.

Ширкати “Брешно” дар хабарномае изҳор додштааст: “Ҳайати Иморати исломии Афғонистон ба кишвари Тоҷикистон ваъдаи ҳамкорӣ намуд ва ба манзури дубора оғоз намудани тарҳҳои мутаваққифшуда дар қисмати таъмини амният ва соири бахшҳо изҳори омодагӣ намуд.”

Дар ин хабарнома ҳамчунин омадааст, ки масъулини ин ширкат дар ҷараёни сафари дурӯза ба Тоҷикистон дар бораи тарҳҳои минтақавӣ, аз ҷумла, тарҳи КАСА-1000 ва бунёди хатти 500-киловатта дар бахши энержӣ гуфтугӯ кардаанд.

Тоҷикистон асосан ба Афғонистон ва Ӯзбекистон барқ содирот мекунад. Дар худи Тоҷикистон аз моҳи октябр ба ин тараф сокинони деҳот бо маҳдудият нерӯи барқ мегиранд.