Эмомалӣ Раҳмон дар паёмаш ба муносибати Рӯзи Модар:
“Тайи сӣ соли соҳибистиқлолӣ Ҳукумати мамлакат тамоми тадбирҳоро роҳандозиву амалӣ намуд, ки мақом ва ҷойгоҳи иҷтимоии занону бонувонро дар муносибатҳои ҷамъиятӣ ва пешрафти давлат баланд бардорад. Дар ин давра асосҳои миллӣ ва роҳу усулҳои ҳимояи ҳуқуқи занон таҳким бахшида, ҷиҳати таъмин намудани имкониятҳои баробари мардону занон ҳамаи заминаҳои қонунгузорӣ муҳайё карда шуданд. Ҳукумати Тоҷикистон бо дарназардошти нақш ва саҳми созандаву бунёдкоронаи занону духтарон барои онҳо фазоеро ба вуҷуд овардааст, ки озодона таҳсил ва кор кунанд ва дар ҳамаи соҳаву арсаҳо баробари мардон фаъолият намоянд…”
(Манбаъ: Prezident.tj, 07.03.2022)