Аъзои бадан тасмим мегиранд барои худашон раисиҷумҳур таъйин кунанд. Мағз ва қалбро кондид мекунанд.
Дар ин миён ҷаноби к..н мегӯяд: ман ҳам номзад мешавам.
Раъйгирӣ шурӯъ мешавад ва қалб бо аксарияти оро раисиҷумҳур мешавад.
К..н эътироз мекунад ва мегӯяд, ман бояд раисиҷумҳур бишавам.
Аъзо қабул намекунанд.
Ҷаноби к..н чап мегирад ва мегӯяд: ҳоло ки манро интихоб накардед, ман ҳам дигар кор намекунам.
Аъзои дигар ба ҳарфи ӯ таваҷҷӯҳ накарда мегӯянд: кор накунӣ, накун!
Рӯзи аввал ҳама таҳаммул мекунанд ва рӯзи дуввумро ҳам ба сахтӣ пушти сар мегузаронанд. Вале рӯзи севвум мебинанд, ки ин гуна наметавонанд давом биёваранд, ба ҳамаҷо дорад фишор меояд.
Гурда, масона (пешобдон), кабид (ҷигар), қалб, мағз ва хулоса ҳама аз кор меафтад ва робитаи ҳамаи аъзо бо якдигар ба ҳам мехӯрад ва байни аъзо ҷангу даргирӣ шурӯъ мешавад.
Мераванд пеши ҷаноби к..н ва аз ӯ хоҳиш мекунанд, ки кор кун!
Мегӯяд: кор намекунам.
Мегӯянд: қабул, ту раисиҷумҳур ҳастӣ, фақат илтимос кор кун, то ин ҷангу ҷидол байни аъзо бихобад ва ҳама ба оромиш бирасанд.
Ҷаноби к..н мегӯяд: хуб ҳоло чӣ кор бикунам?
Аъзо мегӯянд: ҳеч чӣ, фақат бирӣ!
Ва ба ин тартиб, ҷаноби к..н ба унвони раисиҷумҳур ва асосгузори сулҳу ваҳдат, тӯли 27 сол дорад корашро ба хубӣ анҷом медиҳад.
Манбаъ: Фейсбук