Рубрика: Карикатуры, Фразы на таджикском

Пешвопардохт

Ё, кӣ метавонад инкор кунад, ки коррупсия дар Тоҷикистон реша дар худи Эмомалӣ Раҳмон дорад?!

Transparency International ё Шаффофияти Байнулмилал, дар 25-уми январ навишт: “Аксарият дар Тоҷикистон бовар доранд, ки порагирӣ, азхудкунии пули давлат, сустии ҳукумат барои решаканкунии фасод, хешутаборбозӣ ва мавридҳои дигар аз масоили паҳншуда мебошад.”

Ба гузориши Радиои Озодӣ, бар асоси ин гузориш, Тоҷикистон аз байни 180 кишвару қаламрав дар миёни 30 кишвари дорои бадтарин сатҳи фасод ҷой дорад.

Алтинай Мирзабекова, мушовири масоили Осиёи Марказӣ дар дафтари Transparency International дар Берлин гуфт, дар Тоҷикистон “коррупсия хоссияти амиқи системавӣ касб кардааст.”

Ӯ ба унвони мисол аз “набудани мустақилӣ дар низоми кори додгоҳҳову сохторҳои ҳифзи қонун”, “набудани шаффофият дар кори сохторҳои давлатӣ ва гузориш надодани онҳо дар пеши ҷомеа” ва “вуҷуди бархӯрди манфиатҳо, бахусус дар сатҳи болотарину миёнаи ҳукумат” ёдовар шуд.

Ба иловаи ин ҳама мушкилот, давраи пандемия нишон дод, ки аксар ҳукуматҳои худкома дар минтақа пандемияро баҳона карда, озодии баён ва кори фаъолон, аз ҷумла, фаъолони зидди фасодро бештар маҳдуд карданд,” – шарҳ дод Мирзабекова.