Рубрика: Карикатуры, Фразы на таджикском

Ҷомеаи тоҷик боз шоҳиди мавҷи нави “рейдҳо”-и зидди сатру риш хоҳад шуд?

Раҳмон ба ҷавони тоҷик: “Ту ба гурӯҳҳои ифротӣ пайвастӣ? Ришота бтарош! Ба анъанаҳои бегона ва номатлуб тақлид мекнӣ?”

Ҷавони тоҷик ба Раҳмон: “Чихелӣ тақлид?! Пул надорм, то сартарошхона рафта ришома тарошам. Россия мерам, пул кор мекунам. Ҳамин ки пулдор шудам, баъд ин мавъизаатро ба ҷо меорам!”

* * *

Ба гузориши сомонаи “Паём”, Эмомалӣ Раҳмон дар 17-уми апрели соли ҷорӣ дар гуфтугӯ бо “фаъолон” ва сокинони шаҳри Гулистони вилояти Суғд, бори дигар ба масъалаи либоспӯшии мардум баргашт ва ба масоили ифротгароӣ ва сарулибос пардохт ва эълон кард, ба мақомот супориш додааст, “ҷавононро ба худдорӣ аз пайвастан ба гурӯҳҳои ифротӣ ва тақлид ба сарулибоси бегонаву анъанаҳои номатлуб ҳидоят намоянд.”

Ба гумони ғолиб, ин супориши раисҷумҳур бо суръат шурӯъ ба иҷро мегардад ва ба таҳқиру таъқиби ҳазорҳо занони сатрпӯш ва мардони ришдор асос мегузорад. Ба зудӣ ҷомеаи тоҷик шоҳиди мавҷи нави “рейдҳо”-и зидди сатру риш хоҳад гашт.

Гуфтанист, Раҳмон замоне бо мардум дар бораи мушкилот ҳарф мезанад, ки тезутунд ва бузург мешаванд ва ба вазъи кишвар таҳдид мекунанд. Ду мушкилеро, ки Раҳмон дар суханрониҳои ахираш ба онҳо тамаркуз кард, метавон ба унвони сабаби аслии манёври мунҳарифкунандаи (отвлекающий) ахири Раҳмон интихоб кард. 

а) Тибқи пешбинии коршиносон, Тоҷикистонро шадидтарин бӯҳрони иқтисодӣ аз замони истиқлолияташ интизор аст. Ин бӯҳрон, ки пешбинӣ мешавад, аз бекор мондани садҳо ҳазор муҳоҷир дар Русия ибтидо гирифта, бино бар болоравии нархи маҳслуоти хӯрока дар ҷаҳон, амиқтар хоҳад шуд ва паёмадҳое мисли қашшоқии саросарӣ, гаронии нархҳо, норасоии маводи ғизоӣ, рукуди иқтисоду ММД, иҷронашивии нақшаи буҷа ва ғайра хоҳад дошт. Раҳмон дар паёми наврӯзиаш имсолу солҳои ояндаро “душвортарин солҳои таърих” номид ва мардумро ба сабр дар онҳо даъват кард.

б) Раҳмон дар 17-уми апрел, ки бо қайчияш ба Исфара рафта буд, аз сокинони ин ноҳия даъват кард, бо ҳамсояҳои худ дар фазои ҳамдигарфаҳмӣ зиндагӣ кунанд ва босабру таҳаммул бошанд ва ба эҳсосот дода нашаванд.

Даъвати Раҳмон дар ҳоле садо дод, ки ҳукуматаш бино бар беамаливу беҷуръатӣ дар ҳамлаҳои пайдарпайи низомиёни қирғиз ба мардуми осоишта ва сарҳадбонони тоҷик мавриди интиқоди шадид қарор гирифтааст.

Ин ду мушкил аст, ки Раҳмон дубора рӯ ба пурбаҳстарин мушкил дар ҷомеаи тоҷик — баҳси сатру ҳиҷоб овардааст.

Рубрика: Карикатуры

Нарендра Модӣ, нахуствазири Ҳинд, қабл аз мулоқот бо Эмомалӣ Раҳмон

Нуриддин Саид хитоб ба Нарендра Модӣ, нахуствазири Ҳинд: “Қабл аз мулоқот, бояд ришатонро тарошед, ҷаноби нахуствазир! Вагарна, “экспансиоподобие” кардаед. Риш мухолиф бо истиқлолият, оромию осоиштагӣ ва рушду суботи Тоҷикистон аст!”

* * *

Нуриддин Саид, раиси Кумитаи телевизион ва радиои Тоҷикистон, дар мусоҳиба бо хабарнигори агентии “Ховар” аз ҷумла гуфтааст:

Асри 21 як зуҳуроти илмиро рӯи кор овард, ман инро ҳамчун олим мегӯям. Инро ба забони русӣ “экспансиоподобие” мегӯянд. Барои он, ки як тарзи ҳаёт, як тафаккур, як фарҳанг оламгир шавад, барандагони ҳамон фарҳангу мафкура бо шаклҳои мухталиф ҳамон фарҳангу мафкура ва тарзи ҳаётро экпансия ё ҷабран интиқол медиҳанд ва мехоҳанд оламгир шавад. Чунин зуҳурот мухталиф ба истиқлолияти давлатӣ, ба оромию осоиштагӣ, ба рушду суботи кишварҳои алоҳида, аз ҷумла ба Тоҷикистон аст. Дар шакли кино, дар шакли китоб, дар шакли сару либос, дар шакли зоҳирӣ ҳам тақлид карда, экпансия мекунанд. Мо муқобили чунин зуҳурот ҳастем.”