Рубрика: Карикатуры, Фразы на таджикском

Боло бурда шудани мақоми зан дар Тоҷикистон

Эмомалӣ Раҳмон дар паёмаш ба муносибати Рӯзи Модар:

“Тайи сӣ соли соҳибистиқлолӣ Ҳукумати мамлакат тамоми тадбирҳоро роҳандозиву амалӣ намуд, ки мақом ва ҷойгоҳи иҷтимоии занону бонувонро дар муносибатҳои ҷамъиятӣ ва пешрафти давлат баланд бардорад. Дар ин давра асосҳои миллӣ ва роҳу усулҳои ҳимояи ҳуқуқи занон таҳким бахшида, ҷиҳати таъмин намудани имкониятҳои баробари мардону занон ҳамаи заминаҳои қонунгузорӣ муҳайё карда шуданд. Ҳукумати Тоҷикистон бо дарназардошти нақш ва саҳми созандаву бунёдкоронаи занону духтарон барои онҳо фазоеро ба вуҷуд овардааст, ки озодона таҳсил ва кор кунанд ва дар ҳамаи соҳаву арсаҳо баробари мардон фаъолият намоянд…”

(Манбаъ: Prezident.tj, 07.03.2022)

Рубрика: Карикатуры

Нарендра Модӣ, нахуствазири Ҳинд, қабл аз мулоқот бо Эмомалӣ Раҳмон

Нуриддин Саид хитоб ба Нарендра Модӣ, нахуствазири Ҳинд: “Қабл аз мулоқот, бояд ришатонро тарошед, ҷаноби нахуствазир! Вагарна, “экспансиоподобие” кардаед. Риш мухолиф бо истиқлолият, оромию осоиштагӣ ва рушду суботи Тоҷикистон аст!”

* * *

Нуриддин Саид, раиси Кумитаи телевизион ва радиои Тоҷикистон, дар мусоҳиба бо хабарнигори агентии “Ховар” аз ҷумла гуфтааст:

Асри 21 як зуҳуроти илмиро рӯи кор овард, ман инро ҳамчун олим мегӯям. Инро ба забони русӣ “экспансиоподобие” мегӯянд. Барои он, ки як тарзи ҳаёт, як тафаккур, як фарҳанг оламгир шавад, барандагони ҳамон фарҳангу мафкура бо шаклҳои мухталиф ҳамон фарҳангу мафкура ва тарзи ҳаётро экпансия ё ҷабран интиқол медиҳанд ва мехоҳанд оламгир шавад. Чунин зуҳурот мухталиф ба истиқлолияти давлатӣ, ба оромию осоиштагӣ, ба рушду суботи кишварҳои алоҳида, аз ҷумла ба Тоҷикистон аст. Дар шакли кино, дар шакли китоб, дар шакли сару либос, дар шакли зоҳирӣ ҳам тақлид карда, экпансия мекунанд. Мо муқобили чунин зуҳурот ҳастем.”

Рубрика: Карикатуры, Фразы на таджикском

Пешвопардохт

Ё, кӣ метавонад инкор кунад, ки коррупсия дар Тоҷикистон реша дар худи Эмомалӣ Раҳмон дорад?!

Transparency International ё Шаффофияти Байнулмилал, дар 25-уми январ навишт: “Аксарият дар Тоҷикистон бовар доранд, ки порагирӣ, азхудкунии пули давлат, сустии ҳукумат барои решаканкунии фасод, хешутаборбозӣ ва мавридҳои дигар аз масоили паҳншуда мебошад.”

Ба гузориши Радиои Озодӣ, бар асоси ин гузориш, Тоҷикистон аз байни 180 кишвару қаламрав дар миёни 30 кишвари дорои бадтарин сатҳи фасод ҷой дорад.

Алтинай Мирзабекова, мушовири масоили Осиёи Марказӣ дар дафтари Transparency International дар Берлин гуфт, дар Тоҷикистон “коррупсия хоссияти амиқи системавӣ касб кардааст.”

Ӯ ба унвони мисол аз “набудани мустақилӣ дар низоми кори додгоҳҳову сохторҳои ҳифзи қонун”, “набудани шаффофият дар кори сохторҳои давлатӣ ва гузориш надодани онҳо дар пеши ҷомеа” ва “вуҷуди бархӯрди манфиатҳо, бахусус дар сатҳи болотарину миёнаи ҳукумат” ёдовар шуд.

Ба иловаи ин ҳама мушкилот, давраи пандемия нишон дод, ки аксар ҳукуматҳои худкома дар минтақа пандемияро баҳона карда, озодии баён ва кори фаъолон, аз ҷумла, фаъолони зидди фасодро бештар маҳдуд карданд,” – шарҳ дод Мирзабекова.

Рубрика: Карикатуры

Раҳмон намехоҳад тоҷикҳо дар Қазоқистон тинҷ кору зиндагӣ кунанд?

Модар: Баччаҷонам, ҳукуматамон эълон кард, ки дар Қазоқистон террористҳо омадаанд ва додари сарбозатро барои террористҳоро куштан мефиристанд.

Фарзанд: Очаи ҷон, ягон террорист дар инҷо нест. Ҳукумат дурӯғ мегӯяд. Агар хоҳед ман ва дигар тоҷикҳо дар ин кишвар бе ягон мушкилӣ пул кор кунем, набояд додарам ва дигар сарбозҳо инҷо биёянд!