Нашнавад ҳеҷ касе нолаву фарёди шумо
Нарасад ҳеҷ касе, халқ, чу бар доди шумо
Ин қадар шиква чаро, ғусса чаро, оҳ чаро?
Як замон ғорнишин буда чу аҷдоди шумо
Халқ бефаҳм шавад гуфтанатон сафсатае
Лаззати одамӣ ҳаргиз набувад ақли расо
Гӯсфандон, ки хабардор набошанд аз илм
Аз чӣ ибрат набувад одамакон баҳри шумо
Рӯ ба саҳро накунад на ғами асрори ҷаҳон
Коҳ агар ҳаст фаровон зиҳӣ кайфу сафо
Аз ғами гармиву аз барқ нагӯянд даме
Сухане низ нагӯянд зи симову садо
Олами моддӣ бувад оламу афсона бувад
Олами маънавию қиссаи озоди шумо
Шукр бояд ҳама шаб гуфт, ки доред ҳанӯз
Ҳақи бигрифтани бе музд дар ин мулк ҳаво
Иззатманд Саломиён