Рубрика: Карикатуры

Ато Мирхоҷа аз хилватгоҳаш баромад

Ба гузориши Asia-Plus, Ато Мирхоҷа, шоир ва муовини аввали раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, аз мансабдорони пешинаву ҳозира, аҳли зиё, вакилон ва шахсиятҳои бонуфузи зодаи ВМКБ даъват кард, ки аз хилватгоҳҳояшон бароянд ва дар робита ба ҳаводиси охири Хоруғ мавқеашонро муайян кунанд.

Ӯ бо нашри як изҳорот дар саҳфаи фейсбукияш ба таври мушаххас аз муовини собиқи сарвазир, раиси Шӯрои ҳаракати Ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон, вакилони собиқ ва ҳолии парлумони Тоҷикистон, раиси собиқи Ҳизби коммунисти Тоҷикистон, устодони донишгоҳ, журналистон, намояндаи собиқи Тоҷикистон дар СММ, раиси собиқи Кумитаи омори Тоҷикистон, вазири собиқи нақлиёти Тоҷикистон, вазири собиқи фарҳанги Тоҷикистон ва дигар шахсиятҳо даъват кардааст, ки аз хилватгоҳҳояшон бароянд, чун вақти озмоиш ҳамин рӯзу шаб аст.

Ба гуфтаи ӯ, ҳамаи онҳое ки дар боло ном овардааст, “ба туфайли зодаи Бадахшон будан ба мансабҳои калон расида, соҳиби хонаву дар ва мақому мартаба шуданд” ва аз ин рӯ, вазифадоранд, ки тавассути баромад дар телевизиони “Бадахшон”, телевизионҳои марказӣ, нашри мақола ва мактуб ба ниҳодҳои масъул ҷамъиятро ором намоянд.

Рубрика: Карикатуры

Ватандӯстӣ ё хиёнат?

Мутаассифона тибқи оморӣ расмӣ Тоҷикистон аз ҷумлаи кишварҳои фақири дунё ба шумор меравад. Ва чунон ки сомонаи Hochusvalit мегӯяд, Тоҷикистон пас аз Яман, Афғонистон ва Тимори Шарқӣ, дар ҷойгоҳи ҷаҳоруми фақиртарин кишварҳо дар қорраи Осиё қарор дорад.

Ва ин дар ҳолест, ки раисиҷумҳури Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон, ки барои худ унвони “Пешвои миллат”-ро баргузида, яке аз сарватмандтарин афроди дунё маҳсуб мешавад. Сойти Topkin менависад:

Бисёриҳо дар Тоҷикистон бар ин боваранд, ки сарватмандтарин фарди кишвар Эмомалӣ Раҳмон мебошад. Ӯ наздик ба 30 сол аст, ки раҳбари кишвар ба шумор меравад. Вай дорои қудрати мутлақ дар Тоҷикистон аст. Қариб тамоми фаъолиятҳои иқтисодии кишвар дар ихтиёри наздикони ӯ қарор доранд. Ба илова, бастагонаш низ аз сарватмандтарин афроди кишвар маҳсуб мешаванд.”

Рубрика: Карикатуры, Фразы на русском

Эмомали Шарипович не меняет профессию

Эмомали Рахмон: «Что-что? Ворух?.. Да пусть забирают на здоровье, я-то думал, Господи! Госдурство не обеденеет. Забирайте!.. Забирайте!»

Жапаров: «О, да, да, «Ворух»! Да, да!»

Абдулмаджид Достиев: «Да ты что, сукин сын, самозванец, казённые земли разбазаривеашь?!»