Рубрика: Карикатуры, Фразы на таджикском

Факлес

Исфандиёри Назар

Бояд ҳамаи факултаву бахшҳои донишгоҳу донишкадаҳо – ва умуман ҳама бахшҳои марокизи дониширо дар Тоҷикистон баст!

Чиро?

Зеро аксари хатмкунандагонашон ҷои кор намеёбанду ночоранд Русия раванд.

Қаблан ҳам боақлтарини боақлҳо дар хутбае аз хутбаҳояшон фармуда буданд, ки: “Мо коргоҳҳои қолибофиро дигар аз паяш намегардем. Эрон қолин дорад бас…”

Ҳамин тавр, чун ҳамаи истеҳсолотро Чин дораду моро таъмин мекунад, пас дигар ҳеч донишгоҳу донишкадае ҳам лозим нест.

Танҳо як Донишгоҳи бузург лозим дорем, ки метавонад як факулта дошта бошад ва албатта зери номи ин Донишгоҳу факултаи ягонаи он бояд ҷумлаи “дар назди пирезиденти Тоҷикистон”-бошад!

Ин Донишгоҳ “Лес” ва факултаи ягонаи он “ФАКЛЕС” ном дошта метавонад!

Албатта дар забони умумии форсӣ калимаи “Факлес” наву номафҳмост, аммо дар “забони тоҷикӣ” ҳама онро мефаҳманд.

Бахши русии ин Донишгоҳу факултаи ягонаи он низ ҳатмист ва онро “ЛЕСФАК” метавон ном гузошт.

Ин Донишгоҳу факултаи ягонаи он дар шароити кунунӣ ва дар миёни донишгоҳҳои ҷаҳон бемонанд хоҳад буд ва Кишвари моро зуд “ба пеш” мебарад!

Чунин Донишгоҳу факултаи онро ҳеч кишваре надорад!

Хубии ин Донишгоҳ он аст, ки барои донишҷӯи он шудан шарт нест аз деҳот, аз шаҳристонҳо, шаҳрҳо, устонҳо, ҳаволии Пойтахт, пулу вақт сарф карда ба Пойтахт оянд.

Метавон дар худи деҳа, шаҳристон, устон, Пойтахт ва ҳатто дар Русия истода ба он қабул шуд ва бо Дипломи сурх ё сабз ё ҳар ранги дигар онро тамом кард.

Дорандаи Дипломи ин Донишгоҳ барои гирифтани мансаб, унвони илмӣ, ёфтани шароити хуб ҳеч мушкиле нахоҳад дошт!

Ба ин васила хоҳишмандон соҳиби Дипломи факултаи Факлеси Донишгоҳи Давлатии Миллии Лес-и назди президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мешаванд!

Шумо дар нигораи зер метавонед ҳолати супоридани имтиҳонро ба ин Донишгоҳу факулта ба хубӣ тасаввур намоед!

ИЛОВА:

Унвонҳои илмӣ ва баробарҳои порсии он дар ин донишгоҳу факултаи он:

Навлескор / Навниятлескор – баробари русии “абитурент”;

Лесишҷӯ – баробари вожаи аз коруфтодаи “донишҷӯ” ва калимаи русии он “студент”;

Лесисто – баробари вожаи русии “асистент”;

Лесёр – баробари унвони “дотсент”;

Лесишпижӯҳ – баробари таъбири аз коррафтаи “донишпижӯҳ”;

Лесишсаркор – баробари унвони бадшудаи “доктори илм”;

Пурралесишорсаркор – баробари унвони бадшудаи “пруфесур”;

Лесик – баробари унвони бадшудаи “академик”;

Корҳои илмӣ дар ин замина бояд зери унвонҳое ҳамонанди намунаҳои зер сурат бигиранд:

“Пешинаи торихи пасолесӣ”;

“Пасолесӣ дар даврони Шӯравӣ”;

“Пасолесии пасошӯравӣ”;

“Хокзанӣ ва пасолесӣ дар назм”;

“Саромадони назми хокзанӣ, регрезапошӣ ва пасолесӣ”;

“Бузургтарин нозимон ва нависандагони пасолеси рӯзгори мо”;

“Бунёнгузори илми Лесулужӣ”;

“Пешлесони муосир”;

“Нақши роҳбарони бузург дар заминаи пешо-пасолесолужӣ”;

Сафҳаи корбарии Исфандиёри Назар дар Фейсбук

Рубрика: Карикатуры, Фразы на таджикском

Суоли БгиДега аз баъзе рӯзноманигорон

Барои ман – БгиДега, ин чанд масъала муаммо шудааст ва мехоҳам, Шумо, рӯзноманигори азиз, бароям посух диҳед:

1) Вақте ду рӯзноманигори азиз боздошт шуд, шумо даст ба кор шудед ва хитоб ба Рустами Эмомалӣ барои озодии фаврии онҳо нома навиштед ва наздик ба 300 имзо ҷамъ кардед – ки албатта, дастатон дард накунад! – вале чаро вақте Улфатхоним Мамадшоева, ки ӯ низ рӯзноманигор аст, Хушрӯз Ҷумъаназаров (Ҳушом Ғуломов), ки блогер аст, Мамадсултон Мавлоназаров (Муҳаммади Султон)-и 72-сола, афсари пешини амният, ки ӯ ҳам рӯзноманигор аст ва ҳамчунин чанд рӯзноманигори дигар вақте боздошт шуданд, на ҳеч талоше аз сӯи шумо дида шуд ва на барои дархости озодии онҳо имзо ҷамъ кардед ва на ба касе дар ин ҷиҳат муроҷеа намудед? Оё Шумо миёни рӯзноманигорони боздоштшуда фарқ мегузоред?

2) Асосан, чаро дар қазияи Будахшон ҳеч талоше аз сӯи шумо дида нашуд? Балки баръакс, саъй мекунед, ин масъала фаромӯш шавад. Чаро барои Бадахшон ва даст кашидани режим аз кушту куштор дар он – ки даҳҳо нафар тоҷикистонӣ дар он ба шаҳодат расида ва садҳо нафари дигар захмӣ гардиданд – ҳеч коре аз тарафи шумо мушоҳида нашуд?

3) Чаро номаи ахир, хитоб ба Рустами Эмомалӣ, ки барои озодии ин ду рӯзноманигор дахолат кунад, навишта шудааст, на масалан ба худи Эмомалӣ Раҳмон ва ё Озода ва ё яке дигар аз хонаводаи бонуфузаш? Оё қарор аст, Рустам барои озодии он ду дахолат кунад ва дар натиҷа бузургнамоӣ шавад?

Ё имрӯз чун Рустами Эмомалӣ ба ҷойи Убайдуллоев нишастааст, бояд барои ҳар касе, ки мири шаҳр аст, хидмат шавад?

4) Асосан, чаро аз ин хонадон, чӣ аз Рустам бошад ва ё аз ғайра, тақозои кӯмак шавад? Дар ҳоле, ки айнан ҳамин афрод сабаби ин ҳама бадбахтӣ ва кушту куштори тоҷикистониҳо шуда истодаанд?

5) Чаро дар авҷи бадбахтӣ ва кушту куштор ва мусибат дар Бадахшон — ки ҳамаи ин бадбахтиҳо ба дасти Рустам ва падараш шуда истодаанд – якдафъа масъалаи боздошти ду рӯзноманигор барҷаста ва талош сурат гирад, ки қазияи Бадахшон ба фаромӯшӣ супурда шавад? Чаро?

Ин панҷ суол барои шумост, ки агар салоҳ дидед, посух нависед.

Бо эҳтиром, БгиДега!