Рубрика: Карикатуры, Фразы, Фразы на таджикском

Занги телефон аз “он дунё”

Ахиран, Эмомалӣ Раҳмон, дар паёми солонаи худ, ки дар Маҷлиси намояндагон суханронӣ мекард, бо баёни ин ки мардум гумон мекунанд, ки ҷуворимакка хӯроки чорпоён аст, гуфт: “Ними дунё аз ҳисоби маккадон зиндагӣ мекунанд.” Зоҳиран, ӯ мехоҳад, мардуми кишвар ба ҷои гандум, рӯй ба ин навъ растанӣ оваранд.

Гуфтанист, Никита Хрущев, раҳбари Шӯравии собиқ дар миёнаҳои қарни 20-ум, ки пас аз Иосиф Сталин зимоми умури ин кишвари паҳноварро ба даст гирифта буд, ба “Никита марди ҷуворимакка» маъруф шуд. Зеро вай дар тамоми майдонҳо ба ҷои гандум ҷуворимакка кошт.

Дар он даврон, ҷуворимакка номи “маликаи майдонҳо”-ро гирифт. Мардум ҷуворимаккаро солим ҳисобида, аз он истифода мекарданд ҳатто тавсия шуд, ки хӯроки кӯдакон низ аз он таҳия шавад. Дар рӯи ҷилди маҷаллаи LIFE акси Хрущев нашр шуд, ки дар гӯшаи ҷуворимакка табассум мекард.

Ӯ соли 1964 барканор шуд. Яке аз сабабҳои барканории ӯ, ҳамин масъала буд. Бештари мардум аз истеъмоли ҷуворимакка дучори бемории шикам шуда буданд. Ва чунон ки расонаҳо навиштаанд, колхозчиёни ҳамаи минтақаҳои иқлимӣ, ки аз кишти ҷуворимакка хаста шуда буданд, аз ин кор безор буданд.

Ҳамчунин дар гузоришҳо омада, ки “Майдони кишти чуворимакка бар зарари ҷав ва гандум ду баробар васеъ шуд. Аммо натиҷа ғамгин буд… Ин маърака дар соли 1962 ба нокомӣ дучор шуд ва боиси баланд шудани нархи равған ва гӯшт гардид, ки боиси норозигии мардум гардид.”

Ҳамчунин дар санаи 18.01.1961 гузориш шудааст, ки ҳукумат “лоиҳаи Хрушев дар бобати аз нав ташкил кардани хоҷагии қишлоқро ба тасвиб расонд. Асоси лоиҳаи ӯро кишти оммавии ҷуворимакка ташкил медод ва дар натиҷа кишвар ҳам аз гандум ва ҳам аз ҷуворимакка маҳрум шуд.”