Рубрика: Карикатуры

Ато Мирхоҷа аз хилватгоҳаш баромад

Ба гузориши Asia-Plus, Ато Мирхоҷа, шоир ва муовини аввали раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, аз мансабдорони пешинаву ҳозира, аҳли зиё, вакилон ва шахсиятҳои бонуфузи зодаи ВМКБ даъват кард, ки аз хилватгоҳҳояшон бароянд ва дар робита ба ҳаводиси охири Хоруғ мавқеашонро муайян кунанд.

Ӯ бо нашри як изҳорот дар саҳфаи фейсбукияш ба таври мушаххас аз муовини собиқи сарвазир, раиси Шӯрои ҳаракати Ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон, вакилони собиқ ва ҳолии парлумони Тоҷикистон, раиси собиқи Ҳизби коммунисти Тоҷикистон, устодони донишгоҳ, журналистон, намояндаи собиқи Тоҷикистон дар СММ, раиси собиқи Кумитаи омори Тоҷикистон, вазири собиқи нақлиёти Тоҷикистон, вазири собиқи фарҳанги Тоҷикистон ва дигар шахсиятҳо даъват кардааст, ки аз хилватгоҳҳояшон бароянд, чун вақти озмоиш ҳамин рӯзу шаб аст.

Ба гуфтаи ӯ, ҳамаи онҳое ки дар боло ном овардааст, “ба туфайли зодаи Бадахшон будан ба мансабҳои калон расида, соҳиби хонаву дар ва мақому мартаба шуданд” ва аз ин рӯ, вазифадоранд, ки тавассути баромад дар телевизиони “Бадахшон”, телевизионҳои марказӣ, нашри мақола ва мактуб ба ниҳодҳои масъул ҷамъиятро ором намоянд.

Оставьте комментарий