Рубрика: Карикатуры, Фразы на таджикском

Суоли БгиДега аз баъзе рӯзноманигорон

Барои ман – БгиДега, ин чанд масъала муаммо шудааст ва мехоҳам, Шумо, рӯзноманигори азиз, бароям посух диҳед:

1) Вақте ду рӯзноманигори азиз боздошт шуд, шумо даст ба кор шудед ва хитоб ба Рустами Эмомалӣ барои озодии фаврии онҳо нома навиштед ва наздик ба 300 имзо ҷамъ кардед – ки албатта, дастатон дард накунад! – вале чаро вақте Улфатхоним Мамадшоева, ки ӯ низ рӯзноманигор аст, Хушрӯз Ҷумъаназаров (Ҳушом Ғуломов), ки блогер аст, Мамадсултон Мавлоназаров (Муҳаммади Султон)-и 72-сола, афсари пешини амният, ки ӯ ҳам рӯзноманигор аст ва ҳамчунин чанд рӯзноманигори дигар вақте боздошт шуданд, на ҳеч талоше аз сӯи шумо дида шуд ва на барои дархости озодии онҳо имзо ҷамъ кардед ва на ба касе дар ин ҷиҳат муроҷеа намудед? Оё Шумо миёни рӯзноманигорони боздоштшуда фарқ мегузоред?

2) Асосан, чаро дар қазияи Будахшон ҳеч талоше аз сӯи шумо дида нашуд? Балки баръакс, саъй мекунед, ин масъала фаромӯш шавад. Чаро барои Бадахшон ва даст кашидани режим аз кушту куштор дар он – ки даҳҳо нафар тоҷикистонӣ дар он ба шаҳодат расида ва садҳо нафари дигар захмӣ гардиданд – ҳеч коре аз тарафи шумо мушоҳида нашуд?

3) Чаро номаи ахир, хитоб ба Рустами Эмомалӣ, ки барои озодии ин ду рӯзноманигор дахолат кунад, навишта шудааст, на масалан ба худи Эмомалӣ Раҳмон ва ё Озода ва ё яке дигар аз хонаводаи бонуфузаш? Оё қарор аст, Рустам барои озодии он ду дахолат кунад ва дар натиҷа бузургнамоӣ шавад?

Ё имрӯз чун Рустами Эмомалӣ ба ҷойи Убайдуллоев нишастааст, бояд барои ҳар касе, ки мири шаҳр аст, хидмат шавад?

4) Асосан, чаро аз ин хонадон, чӣ аз Рустам бошад ва ё аз ғайра, тақозои кӯмак шавад? Дар ҳоле, ки айнан ҳамин афрод сабаби ин ҳама бадбахтӣ ва кушту куштори тоҷикистониҳо шуда истодаанд?

5) Чаро дар авҷи бадбахтӣ ва кушту куштор ва мусибат дар Бадахшон — ки ҳамаи ин бадбахтиҳо ба дасти Рустам ва падараш шуда истодаанд – якдафъа масъалаи боздошти ду рӯзноманигор барҷаста ва талош сурат гирад, ки қазияи Бадахшон ба фаромӯшӣ супурда шавад? Чаро?

Ин панҷ суол барои шумост, ки агар салоҳ дидед, посух нависед.

Бо эҳтиром, БгиДега!

Рубрика: Поздравление, Фразы на русском

БгиДега поздравляет мусульман со священным месяцем Рамадан!

БгиДега сердечно поздравляет всех мусульман с благословенным месяцем Рамадан. Рамадан — это месяц духовной очищения, который ниспослан нам Всевышним. К этому месяцу люди готовятся, самоорганизовываются. Это месяц самосозидания и работы над ошибками, месяц великодушия и прощения, месяц просветления и откровения тайн Любви, ниспосылаемого нам Всевышним. Пусть дни святого поста, которые мусульмане проведут в особом служении Всевышнему, принесут в дом каждого из них мир и благополучие, будут способствовать укреплению дружбы и взаимопонимания между людьми, торжеству добра и взаимопомощи во всем мире.

Желаем всем мусульманам крепкого здоровья, счастья и благополучия!

Рубрика: Поздравление

БгиДега поздравляет соотечественников с праздником Навруз

БгиДега поздравляет всех своих читателей с наступлением древнего праздника весеннего равноденствия — с Наврузом и желает доброго и изобильного года, мира и процветания вам и вашим странам!

Рубрика: Поздравление

С новым годом!

Редакция «БгиДега» поздравляет Вас с Новым, 2020-ым, годом!

Мы желаем Вам никогда не унывать и не сдаваться. Мы улыбаемся, значит, путь продолжается.

Новогодние открытки-подарки таджикистанцам от БгиДега

Рубрика: Карикатуры, Поздравление

Объявление // Эълон

Приветствую вас, дорогие друзья!

Через месяц мне, Сатирическому журналу «БгиДега», наступит один год. За этот первый год моей жизни, возможно, некоторые мои родные, близкие и любимые, в частности, — дорогие высокопоставленные, порой могли быть мне не очень рады. Но ничего не поделаешь. Придётся терпеть и привыкать. Я показываю вас такими, какими вижу я и другие люди. И я верю, вы могли бы быть намного лучше и лучше служить тем, кого вы тоже так любите, то есть, народу. Это ведь не только в моих интересах, но и в ваших тоже. Говорят, что в Советское время жили сатирические журналы по имени «Крокодил» и «Хорпуштак» (Дикобраз). Однако после обретения независимости у нас в Таджикистане вот уже 28 лет ни одному художнику не дозволено делать карикатуры на власть, особенно на Эмомали Рахмона. И это мне это совсем не нравится. Так быть не должно.

Но в связи с наступающим первым юбилеем в мою честь я прошу всех почитателей присылать не только поздравления и признания в любви, но и отклики на мою, так сказать, деятельность. Я жду также ваших предложений и критических замечаний, что, по вашему мнению, было не так, какие во мне проявились ваши недостатки и как их еще более улучшить и проявить.

Здоровья и процветания всем!

* * *

Салом, ҳамватанони азиз! То як моҳи дигар ман – маҷаллаи ҳаҷвии БгиДега, яксола мешавам. Дар муддати як соли фаъолият, шояд баъзе аз ҳамватанон махсусан мақомоти кишвар аз карикатураҳои мо нороҳат шуда бошанд. Аммо ишколе надорад. Бояд таҳаммул кунанд ва ба он одат намоянд. Аз интиқод наҳаросанд. Боварам ин аст, ки шумо метавонед бисёр беҳтар бошед ва ба касоне, ки дӯсташон доред беҳтар хидмат кунед, яъне ба мардум. Мегӯянд, дар замони Шӯравӣ интиқод буд, маҷаллаи “Хорпуштак” доштем, вале баъд аз истиқлол ба ҳеч рассоме иҷозати кашидани карикатура аз мақомот махсусан Эмомалӣ Раҳмонро намедиҳанд. Бояд ин иҷозатро диҳанд.

Ҳайати таҳририи маҷаллаи ҳаҷвии “БгиДега”, аз ҳамаи хонандаҳо ва бинандаҳо ва ҳаводоронаш хоҳиш мекунад, то назари худро аз фаъолияти яксолаи мо бинависанд ва пешниҳодҳо ва интиқодҳои худро ҳам нависанд, бигӯянд, ки чӣ камбудие дорем, то ислоҳ намоем.

Зинда ва саломат бошед!