Муборак бошад, диловар!
БгиДега Маҳмурод Одинаев, фаъол ва зиндонии сиёсиро ба зодрӯзаш табрик мегӯяд!
* * *
Маҳмурод Одинаев зодаи 1 марти соли 1962-и шаҳри Ҳисор ва сокини ҷамоати деҳоти Ҳисори ҳамин шаҳр аст. Вай пас аз хатми мактаби миёна, дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, факултети ҳуқуқ (юридический факультет) таҳсил ва аз он фориғуттаҳсил шудааст.
Одинаев ҳуқуқшинос (юрист) аст. Ӯ яке аз фаъолони барҷастаи ҷомеаи шаҳрвандӣ шумурда мешавад. Одинаев пеш аз зиндонӣ шуданаш, раиси Комиссияи дифоъ аз ҳуқуқи маҳбусон ва аз раҳбарони Эътилофи зидди шиканҷа дар зиндонҳои Тоҷикистон ба шумор рафта, ба ҳимояи ҳуқуқи маҳбусон ва ифшои мавридҳои бадрафторӣ нисбат ба маҳбусон машғул буд.
Маҳмурод Одинаев ҳамчунин аз фаъолони боризи сиёсӣ дар Тоҷикистон маҳсуб мешавад. Ӯ муовини раиси Ҳизби сотсиал-демократии Тоҷикистон буд; ҳизбе, ки расмӣ буда ва як ҳизби опозитсионӣ дар дохили кишвар ба шумор меравад.
Маҳмурод Одинаев яке аз мунтақидони барҷастаи сиёсатҳои ҳукумати кунунии Тоҷикистон аст. Ӯ дар моҳи ноябри соли 2020 аз шаҳрдории Душанбе катбан дархост кард, ки дар дифоъ аз маҳбусон ва вуҷуди мавориди шиканҷа дар зиндонҳои Тоҷикистон, дар пойтахт гирдиҳамоӣ баргузор намояд. 20-уми ноябри ҳамон сол ва баъди ин дархост, нопадид шуд. Ӯро баъд аз ду ҳафта дар ҳудуди шаҳри Душанбе дастгир ва дар Боздоштгоҳи муваққатии Душанбе (СИЗО) нигаҳ доштанд.
Тибқи гузориши 4 майи 2021, ӯро аз боздоштгоҳ ба маҳбас бурданд. Одинаев ба иттиҳоми “авбошӣ” ва “даъват ба сарнагунии ҳокимият” дар рӯзи 28-уми январи ҳамон сол бо ҳукми Додгоҳи ноҳияи Рӯдакии пойтахт ба 14 сол зиндон маҳкум шуд. Одинаев ҳукми додгоҳро “беадолатӣ” хонд. Ӯ ва бастагонаш иттиҳомҳои номбурдаро рад карда, гуфтанд, қазияи ӯ ангезаи сиёсӣ дорад.
Маҳмурод Одинаев рӯзи 1-уми майи 2021 ба зиндони шаҳри Ваҳдат маъруф ба “Кирпичний” интиқол дода шуд. Писари ӯ, Шайх Ризоевро низ боздошт намуданд. 1-уми майи ҳамон сол, Ризоев аз боздоштгоҳ ба маҳбаси маъруф ба “Якум Советский” интиқол дода шуд. Шайх Ризоевро ба “авбошӣ” ва “талоши таҷовуз ба номус” муттаҳам намуда, ба 6 сол зиндон маҳкум карданд. Бастагонаш ин иттиҳомҳоро бепоя хонда, гуфтанд, ӯро ба хотири фаъолиятҳои сиёсии падараш зиндонӣ намудаанд.
Маҳмурод Одинаев дар шароите ба зиндон интиқол дода шуд, ки бастагони ӯ ва низ масъулони Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон аз вазъи саломати ӯ нигарон буданд. Масъулони ҲСДТ гуфтанд, вазъи саломати Маҳмурод Одинаев дар боздоштгоҳ бад шудааст ва ӯ бо аробаи маъюбӣ мегардад. Як намояндаи боздоштгоҳ низ зимни таъйиди бемории Одинаев, гуфт, ӯ “зери назорати пизишкон аст.”
Дар аввали боздошти Одинаев наздиконаш дар сӯҳбат ба Аздо.тв гуфта буданд, ки ӯ бемор аст ва роҳ рафта наметавонад ва ҳамчунин биноияш низ заиф шудааст, то ҳадде, ки одамро хуб намешиносад. Наздиконаш шиканҷа шудани ӯро аз эҳтимол дур надонистанд.
Бар асоси гузориши 18 октябри 2021, ба Маҳмурод Одинаев дар муқобили изҳори пушаймонӣ, афв пешниҳод шуд, вале ӯ зимни “беадолатӣ” хондани зиндонӣ шуданаш, ин пешниҳодро напазируфта, озодияшро аз маҳбас талаб кард.
Ҳабибулло Ризоев, писари Маҳмурод Одинаев, дар 17-уми октябри ҳамон сол ба Радиои Озодӣ гуфт, падараш ба онҳо расонд, ки зери санади афваш имзо нагузоштааст. “Падарам гуфт, худро гунаҳкор намеҳисобад ва чаро барои коре, ки накардааст, шомили афв шавад? Яъне, беасос эътироф кунад, ки даст ба ҷиноят задааст? Падарам гуфт, ин гуноҳҳоро ҳеч гоҳ қабул надорад«, — нақл кард Ҳабибулло Ризоев.
Гуфтанист, Маҳмурод Одинаев дар гузашта низ аз поймол шудани ҳуқуқи писараш, Суннатулло Ризоев, дар маҳбаси Хуҷанд шикоят карда буд. Додгоҳи шаҳри Хуҷанд рӯзи 18-уми октябри соли 2014 Суннатулло Ризоевро барои 9 сол ва ҳамроҳаш, Садридин Тошевро барои 7 сол ба иттиҳоми “пахши ахбори бардурӯғ ва таҳрикомез” зиндонӣ карда карда буд.
Санги рӯз
Меҳмоншоҳ Шарифзода
Имрӯз низоми худкома бо пешво, ҳукумат, намояндагон ва маҷлису ҳизбҳояшон мардумро бо ин афсона бовар кунонидани мешаванд, ки “бе онҳо дар тоҷикистон дигар офтоб нахоҳад баромад ва рӯзи рӯшанро нахоҳед дид.” Воқеъан, ин қавми бефарҳанг, бесалоҳият ва бе зарфият чандин сол боз ки бар дӯши мардум саворанд, зиндагии мардумро ба ҳеҷ табдил доданд, ки баъзан мардум гармиии офтобро ва рушноиии рӯзро ҳам ҳис намекунанд. Ин ҳолат боз ҳам қиссаи “санги рӯз”-ро аз фолклори мардуми кӯҳистон ба ёд меорад, ки барои мардуми ин сарзамин паёме равшан дорад.
Мегӯянд, ки дар яке аз деҳаҳои кӯҳистон “ҳеҷ рӯз намешудааст”, то санги дар байни деҳа бударо то субҳи содиқ гирди деҳа намегардонданд. Касе намедонист дар кадом замонҳо ин кор оғоз шуда буд ва мардуми деҳа насл ба насл ин санги “сеҳрнокро” ҳар шаб то ба субҳ мегардонданд то ба рӯшноӣ расида бошанд. То ин ки аз водии дигаре духтарерро барои ҷавоне аз ин деҳа арӯс карда оварданд. Чун навбати санггардонии ин ҷавон буд ва ӯ аз ширинии оғӯш хобаш бурд ва “санги рӯзро” он шаб касе гирди деҳа нагардонд. Ҳамчунин бе гардонидани “санги рӯз” субҳ дамиду рӯз шуд ва сири аҷиби садсолаҳо фош гардид. То ҳол байни деҳаҳои кӯҳистон баҳс аст, ки ин духтарак сири рӯзшуданро ба шавҳараш фаҳмонд вале қисми дигар бар ин фикранд, ки дар водиҳои ҳамсоя ҳам чунин санг мегардонданд.
Ба ҳар ҳол, ҳикмати ин қисса ба он ишорат мекунад, ки дар ҳаёт дар бисёр мавридҳо на фақат мо Тоҷикон балки инсоният “санги рӯз” мегардонад. Гузашта аз ин баъзан на фақат арзишҳо, идеяҳо ва идеалҳо балки шахсҳо бо мақомҳои худ, бо дипломҳои номзадӣ, докторӣ ва академикии худ ба “санги рӯз” табдил меёбанд. Бисёрии ин “сангҳои рӯз” бешармона аз ин ҳолати худ огоҳ ҳам ҳастанд вале савории мардумро дӯст медоранд ва одат кардаанд ва ҳеҷ хоҳиши аз дӯши мардум фаромаданро надоранд. Биёед як бор ин сангҳоро ба ҷояшон гузоред то таърихи асл оғоз шавад то он ҳама арзишҳо, идеяҳо ва идеалҳо, ки тоҷикро Тоҷик месозанд, амалӣ шаванд. Ҳастӣ, ҳақиқат ва воқеият ҳама дар баробари мост ва бо онро бояст рӯ ба рӯ шуд…
Мардуми шарифи Тоҷикистон то ин “санги рӯз”- ро аз души худ напартоянд рушноиро нахоҳанд дид.
Какистокрасӣ
Вожа & воқеъият
Меҳмоншоҳ Шарифзода
Ба боварии маҷалаи машҳури америкоии The Economist, яке аз вожаҳои калидиии соли 2024 ин вожаи #kakistocracy ё “какистокрасӣ” будааст. Аз юнони какистос маънии “бадтарин” ва кратия “ҳукумат”-ро дорад, яъне “бадтарин ҳукумат”. Ин ҳукуматест, ки фасодзадаву дузд аст ва боз ҳукумат кардан наметавонад.
Ва юнониҳои қадим ин тарзи ҳукуматдориро аз анархия, яъне аз “беҳукуматӣ” ҳам бадтар медонистанд. Ин маънӣ бешак таърифи ҳукумати хусусишудаи имрӯзаи Тоҷикистон аст. Баъзеҳо вожаи какистокрасиро бо аристокрасӣ (ашрофият) муқобил мегузоранд, ки ҳам яке аз маъниҳои ба ин ҳукумати соягӣ ва ё хусусишуда мувофиқ омадани ин таъриф аст. Ин қавм аз ашрофият (aristocracy) ё аз ашрофияти фарҳангӣ зиёд лоф мезананд, вале мутассифона ҳанӯз ҳам дар сатҳи пастӣ ҳастӣ ва ё фарҳангӣ ҳастанд.
Бубинед, худ медонанд, ки фасодкор, дузд ва дурӯғгӯянд, вале дар фарҳанг ва сиёсат боз худро ягонаи давр мегиранд. Ҳеҷ эътироф кардан наметавонанд ва намехоҳанд, ки аз ӯҳдаи давлатдорӣ ва ҳукумат кардан намебароянд ва ин вожа бо тамоми маънӣ дар бораи ҳукумати ин қавм аст…